- додан
- [دادن]1. ба ихтиёри касе вогузоштан, супурдан: ба мактаб додан, ба дасти касе додан (чизеро); бахшидан, ато кардан: зиндагӣ додан, ҳаёт додан, шифо додан2. маҷ. ба шавҳар додан, ба қайди никоҳи касе даровардан (-и духтаре)3. маҷ. гуфтан: салом додан, дашном додан, ҳақорат додан4. ниҳодан, гузоштан; соҳиб кардан: лақаб додан, ном додан, унвон додан5. баровардан: садо додан (-и дойра), овоз додан а) садо баровардан (мас., барои худро маълум кардан дар торикӣ); б) раъйи худро баён намудан вақти интихобот, раъйпурсӣ ё ба овоз мондани масъалае, раъй додан6. барпо кардан, оростан: зиёфат додан, тӯй додан7. чун феъли ёридиҳанда таркибҳои гуногуни феълӣ месозад: анҷом додан, бой додан, ваъда додан, сар додан, тан додан, ҷо додан ва ғ.8. ҳамчун феъли ёридиҳанда дар таркибҳои феълиҳолӣ маънои барои шахси дигар иҷро шудани амалеро ифода мекунад: фаҳмонда додан, хонда додан, заҳр додан; маъно додан маъноеро ифода кардан, маъноеро фаҳмондан; розигӣ додан изҳори розигӣ кардан; ҷон додан а) ҷон нисор кардан, ҷонро фидо кардан; б) ҷон супурдан, мурдан: бемор дар нисфи шаб ҷон дод; в) киноя аз ҷон бахшидан, зинда кардан: канали нав ба заминҳои мурда ҷон дод
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.